САБИРОВ ТАХИР

ТОҲИР МУХТОРОВИЧ

ТОҲИР МУХТОРОВИЧ СОБИРОВ

21-уми декабри соли 1929, дар шаҳри Сталинабад ба дунё омада,  31-уми майи соли  2002 дар шаҳри Душанбе фавтидааст.

Ҳунарпеша, коргардон ва филмноманависи тоҷик.

Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон (1966).

Солҳои чилум ҳунарпешаи қиёфасоз ва балети Театри опера ва балети Тоҷикистон ба номи   С. Айни буд.

Соли  1951 факултаи актёрии Донишкадаи театрию ҳунарии Тошканд ба номи   А. Н. Островскийро хатм кардааст.

Аз соли  1952  ҳамчун омӯзгори студияи тоҷикии омӯзишгоҳи театрии ба номи    М. С. Щепкин (Москва) фаъолият намудааст.

Соли 1956 факултаи коргардонии  ГИТИС-ро ба итмом расонидааст.

Аз соли  1956  чун ҳунарпеша ва коргардони  киностудияи «Тоҷикфилм» кор кардааст.

Дар филмҳои  «Роҳ» (1955), «Дохунда» (1956), «Баҳори нотакрор» (1957), «Насруддин дар Хуҷанд  ва ё  Шоҳзодаи  афсуншуда» (1959) нақш бозидааст.

Ба ҳайси коргардони дуюм дар  филмҳои  «Ман бо духтаре вохӯрдам»(1957), «Мансаби баланд» (1958), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (1959) фаъолият дошт.

ҶОИЗА ВА МУКОФОТҲО

Барандаи ҷоизаи давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи  А. Рӯдакӣ (1980).

Нишони  «Рамзи эҳтиром» (1971)

Нишони «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1991)

Нишони «Шараф» (1999)

Дипломи Синамоҷашнвораи байналмилалии кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ дар шаҳри Ташкент (1967) барои филми «Марги судхӯр» 

Ҷоизаи Синамоҷашнвораи XIII умумииттифоқӣ дар шаҳри  Душанбе (1980) барои филми  «Вохӯрӣ дар дараи марг»

Чор ҷоизаи асосии Синамоҷашнвораи III умумииттифоқии филмҳои афсонавӣ дар шаҳри  Вилнюс (1984)

Мукофоти якуми Синамоҷашнвораи умумииттифоқӣ дар шаҳри   Москва (1984)

Ҷоиза ва  дипломи   Синамоҷашнвораи байналмилалии кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ дар шаҳри Ташкент (1986)  барои филми «Боз як шаби Шаҳризода» 

Ҷоизаи асосии Синамоҷашнвораи байналмилалӣ дар шаҳри Қоҳира (1987) «шамшер тиллоии Димишқ» барои силсилаи филмҳо аз рӯйи афсонаҳои  «1001 шаб»

Ҷоиза ва дипломи  Синамоҷашнвораи умумииттифоқии «Афсона» дар шаҳри   Москва  (1988) барои филми  «Афсонаҳои нави  Шаҳризода»