ТӮРАЕВ АНВАР БУРҲОНОВИЧ
21-уми июни соли 1934 дар шаҳри Самарканд ба олами ҳастӣ чашм боз намуд.
Ҳунарпеша, коргардон.
Соли 1958 омӯзишгоҳи театрии ба номи М.Щепкин, соли 1970 факултаи коргардонии ВГИК-ро (коргоҳи М.Ромма) хатм кардааст.
Аз соли 1956 ҳунарпешаи Театри давлатии академию драмавии Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ буд. Дар филмҳои «Мансаби баланд» (1958), «Қалъаи сайёр» (1960), «Ситораи шаб» (1972) нақш офаридааст. Коргардони филмҳои ҳунарӣ, илмию оммавӣ ва мустанад маҳсуб меёфт.