ХОДЖАКУЛИ РАХМАТУЛЛАЕВ

ХОҶАҚУЛИ РАҲМАТУЛЛОЕВ

 15-уми  майи соли  1909  таваллуд шудааст.

Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон (1957).

Соли  1924 ба студияи театрии узбеки Москва дохил мешавад.  Пас аз хатми студия (1927) ба ҳайати Театри Узбекистон ба номи Ҳамза мепайвандад,   аз соли  1936 – ҳунарпеша, баъдан ба ҳайси коргардони театри ба номи А.Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе  фаъолият бурдааст.

Аз соли  1938 ба коргардонӣ машғул мешавад. Аз соли  1962 фаъолияти омӯзгориро пеша мекунад.  

Фаъолият дар театр

Нақшҳо:

Мирбадал, Хоркаш (“Шодмон”, 1939),

“Байрақсурхон”, 1941, Улуғзода),

Лоренсо (“Ромео  ва Ҷулетта”, 1947),

Усмон Афанди

(“Дохунда”, Улуғзода, 1954),

Шпекин, Городничий (“Муфаттиш”, 1952),

Глостер (“ШоҳЛир”, 1957),

Балъамӣ (“Рӯдакӣ” Улуғзода, 1958),

Забелин (“Соати бурҷи Кремл”, 1960).

Намоишномаҳоро таҳия кардааст:

“Дили модар” Икромӣ (1942),

“Сӯзании абрешим” Каҳҳор (1953),

“Имтиҳон”,

“Ҳаёт ва муҳаббат” Ансорӣ (1958);

“Ромео ва Ҷулетта” (1963).