Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон.
12-уми апрели соли 1912 дар шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст.
Шамсӣ Ҷӯраев дастпарвари Ҳомид Маҳмудов маҳсуб мёфт. Аз хурдсолӣ Шамсӣ ба мусиқӣ ва санъат шавқу майли беандоза дошт.
Ҳанӯз дар айёми кӯдакӣ аз волидонаш маҳрум мегардад ва амакаш Тӯрдиқул ӯро ба тарбия мегирад.
Амакаш мехост, ки Шамсӣ табиб шавад ва маҳз ба ҳамин хотир ҷиянаш ба Донишгоҳи тиббии шаҳри Самарқанд дохил шуд. Вале майлу рағбат ва муҳаббати беандозааш ба санъат ӯро маҷбур сохт, ки пас аз итмоми курси аввал донишгоҳи тиббиро тарк кунад.
Соли 1929 Шамси ҷавонро барои кор ба Театри мусиқию драммавӣ, ҳоло Театри драмаи ба номи Ҳомид Нарзиқулои шаҳри Самарқанд даъват карданд.
Соли 1930 ӯро ба Театри мусиқию драмавии шаҳри Бухоро, ки дар ҳамон давра дар Осиёи Миёна машҳур буд, таклиф мекунанд. Дар ин қасри фарҳанг бисёр ҳунармандони боистеъдод фаъолият мекарданд, ки ҳамеша ҳамкорони ҷавони худро дастгирӣ менамуданд. Ба туфайли чунин кӯмаку дастгирӣ Шамсии ҷавон дар саҳнаи театр обутоб ёфт.
Соли 1930 Шамсӣ Ҷӯраев дар қатори 22 ҳунарманд ба шаҳри Душанбе, шаҳри ҳамон вақтаи Сталинобод даъват мегардад. Ҳамон вақт Театри мусиқию драмавии Тоҷикистон ба одамони эҷодкор ниёз дошт Шамсӣ Ҷӯраев бо оҳангсозон С.Баласанян, С. Урбаҳ, А.Ленский, ки барои театри тоҷик асарҳои мусиқавӣ эҷод мекарданд, аз наздик ошно шуд. То нимашаб бо ҳамроҳии онҳо монда, ба мусиқи машғул гашта, асарҳои нав эҷод мекард. Ҳамчунин Шамсии ҷавон аксари вақти хешро бо устоди мусиқӣ С. Прокофеева ва бо коргардон Р. Корох мегузаронид, ки бо шарофтаи онҳо санъати операю балетро аз худ намуд.
Ќадамҳои нахустини хешро ба саҳнаи калон ҳунарманди ҷавон, дар саҳнаи театр ҳангоми нахустнамоиши Намоиши миллии мусиқавии «Лола», бо ҳамроҳии ҳунармандони касбӣ Т.Фозилова, Б. Тураев ва дигарон гузоштааст.
Соли 1939 авалин бор операи С.Улуғзода «Шӯриши Восеъ» ба саҳна гузошта шуд.
Дар ин опера Шамсӣ Ҷӯраев нақши Шарифро бозид ва аз ҷониби ҳамкорон ва тамошобинон баҳои қаноатманд сазовор гашт .
Соли 1941 дар шаҳри Москва даҳсолагии адабиёту санъати тоҷик таҷлил гардид, ки ҳайати театр бо намоишномаҳои –«Шӯриши Восеъ», «Лола», «Ду гул» дар он ширкат намуд. Шамсӣ Ҷӯраев дар намоишномаи мусиқавии «Лола» нақши раиси колхоз, нақши Раҷабро дар балети «Ду гул» ва нақши Шарифро дар «Шӯриши Восеъ» иҷро кард.
Матбуоти марказӣ ба ҳунармандии Шамсӣ Ҷӯраев баҳои баланд дод, аз ҷумла дар рӯзномаи «Известия» аз 13.04.1941 чунин нигошта шуда буд: «Шӯриши Восеъ» намоишномаи аввалини операвии санъати тетарии тоҷик буда, мисоли барҷастаи соҳибистеъдодии нақшофарони ҷавон мебошад. Иҷрои яккахонӣ ва рақсҳои пардаи сеюм марвориди арзишмандеанд, ки ҳар кадоме хусуситяи барҷастаи хешро доранд»
Шамсӣ Ҷӯраев аввалин иҷрокунандаи нақш дар филмҳои овоздори тоҷик мебошад. Бо тавсияи коргардони таҳиягар М. Достал вай нақши асосӣ – муҳандис –геолог Саидро бозидааст. Баъдан Шамсӣ Ҷӯраев дар филмҳои «Дӯстам Наврӯзов» (дар нақши Одил-ота), « Ќисмати шоир» (Амир Наср) «Мансаби баланд» (нақши колхозчии оддӣ), «Насруддин дар Хуҷанд» (нақши Комилбек) «Оромӣ намешавад» (нақши бригадири колхоз), «Дохунда» (нақши Ясавул) ва дар бисёр филмҳои дигар нақш офаридааст. Ба ғайр аз ин ҳунарманди шоиста Шамсӣ Ҷӯраев дар дубляж ҳам муваффақ гардид. Бештар аз 60 нақшҳои асосӣ, ки ӯ ба забони тоҷикӣ овоз додааст, дар таърихи дубляжи тоҷик саҳми арзанда мебошанд. Дар киностудияи «Тоҷикфилм» Шамсӣ Ҷӯраев бисёр нақшҳои махталифро бозидааст. Нақшҳои офаридаи ӯ дар аксари филмҳои «Тоҷикфилм» ба хазинаи тиллоии санъати синамои тоҷик ворид гаштаанд
Фаъолият дар театр
«Сӯиқасди маҳбусон» (нақши Коста Вара), «Дар оқибгоҳи фронт» (майор Марков), «Соли фаромӯшнашавандаи 1919» (Матрос Шибаев), «Шараф»( Байрам), «Маккорӣ ва муҳаббат» (Президент), «Рӯдакӣ» (Амир Наср), «Дохунда» (Иброҳимбек), «Ҷинояткорони бегуноҳ» (Дудник), «Тӯй» (Рустам), «Шоҳ Лир» (Карнауэл) ва ғайраҳо.