ҲОШИМҶОН РАҲИМОВ
19-уми сентябри соли 1954 таваллуд шудааст.
Факултаи актёрии (коргоҳи ҳунарманди халқии ИҶШС , профессор С.Ф.Бондарчук) Донишкадаи умумииттифоқии кинематографияро (Москва, 1975) хатм кардааст.
Солҳои 1975-1981 – ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқию драмавии Тоҷикистон ба номи А.С. Пушкин (Ленинобод), всолҳои 1981-1987 – ҳунарпешаи Театри давлати академию драмавии Тоҷикистон ба номи А.Лаҳутӣ, солҳои 1987-1993 – ёвари коргардон ва коргардони дубляжи киностудияи «Тоҷикфилм», аз соли 1993 – ҳунарпешаи Театри мусиқию драмавии ба номи К.Хуҷандӣ (Хуҷанд) мебошад.