Администратор

Филми кутоҳи “Дӯғоб” ба Қирғизистон меравад

          Филми “Дуғоб” аз коргардон Зайнулобиддин Мӯсо дар Киноҷашнвораи “Қирғизистон мамалакати филмҳои кутоҳ”  иштирок менамояд. Дар миёни 14 асари синамоӣ – филми “Дуғоб” Тоҷикситонро намояндагӣ мекунад. Ҳар сол аз 12 то 15 декабр Киноҷашнвораи “Қирғизистон мамлакати  филмҳои кутоҳ”  синамогарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Балтик ва Гурҷистонро дар шаҳри Бишкек пойтахти Қирғизистон ба ҳам …

Филми кутоҳи “Дӯғоб” ба Қирғизистон меравад Read More »

Маросими пӯшидашавии Ҷашнвораи кинои миллӣ – “Лолаи тиллоӣ”

           Маросими пӯшидашавии ҷашнвораи кинои миллӣ – “Лолаи тиллоӣ” дар кинотолори “Зебуннисо” баргузор гардид. Дар ин ҷашнвораи синамоӣ 17 филми гуногунжанр барои дарёфти чор номинатсияи кинофестивали “Лолаи тиллоӣ” иштирок намуданд.           Дар номинатсияи “Беҳтарин филми кутоҳметраж” ба филми “Дӯғоб” –и коргардон Зайнулобиддин Мусо барои инъикоси мавзуи хуби ишқӣ миёни зану мард дар фазои анъанвӣ дода …

Маросими пӯшидашавии Ҷашнвораи кинои миллӣ – “Лолаи тиллоӣ” Read More »

“Лолаи тиллоӣ” муаррифии лоиҳаҳоро эълон медорад

           Дар заминаи баргузории Ҷашнвораи кинои миллӣ- “Лолаи тиллоӣ” санаи “муаррифии лоиҳаи филмҳо” муайян гардид. Ин ҳамоиш 30 ноябр, соати 10: 00 дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ҳамоиши мазкур 8 лоиҳа пешниҳод мегардад: Лоиҳаи “Воқеияти дигар” филми ҳунарӣ, жанр – драма, инчунин  лоиҳаи “Подош” филми ҳунарӣ, жанр драма,  Раҳмон …

“Лолаи тиллоӣ” муаррифии лоиҳаҳоро эълон медорад Read More »

Ҳафтаи таҳаммулгароӣ ва филми “Бункер” дар Маскав

          Дар доираи “Ҳафтаи таҳаммулгароӣ ва фарҳанги инсон будан”, ки аз 11 то 16- уми ноябр дар пойтахти Русия шаҳри Маскав таҷлил гардид, филми кутоҳмуддати “Бункер” ба намоиш гузошта шуд.           Студияи Виталий Манюков 4 филми кутоҳмуддатро дар шакли “алманах” ҷамъоварӣ карда, зери мавзӯи “Сарнавишти кудакон дар …

Ҳафтаи таҳаммулгароӣ ва филми “Бункер” дар Маскав Read More »

Нишасти эҷодии синамогарон

          Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” барои дастгирӣ ва фароҳам овардани фазои эҷодӣ “нишасти синамогарон”-ро эълон медорад. Ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар толори синамоии “Тоҷикфилм” филм ба намоиш гузошта мешавад.           Ин дафъа санаи 15-11-2019 соати 14:00 филми ҳуҷҷатии «Ҳаворӣ-2019» -и  коргардон Шоҳҷамшед Умарӣ рӯйи пардаи синамо меояд. Баъд аз намоиш …

Нишасти эҷодии синамогарон Read More »

Душанбе мизбони филмҳои нави Русия мешавад

            Аз 16 то 20-уми ноябр дар “Хонаи кинои тоҷик” (кинотеатри Зебуннисо) намоиши филмҳои Федератсияи Русия барпо мегардад. Имсол ба Душанбе филмҳое оварда шудааст, ки  аз ҷониби коргардонҳои шинохта таҳия гардидаанд. Ин барнома аз ҷониби Вазорати Фарҳанги Русия ва ташкилоти “Фест-Синема” дар ҳамкори бо Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ва МД “Тоҷикфилм” ташкил …

Душанбе мизбони филмҳои нави Русия мешавад Read More »

“Лолаи тиллоӣ” нишасти матбуотӣ мегузаронад

          Киноҷашнвораи миллии “Лолаи тиллоӣ”  нишати матбуотии худро санаи 15-уми ноябр, соати 11:30 дар Маркази фарҳангии Бохтар (Бактирия) баргузор менамояд. Дар нишаст cафири кишвари Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гудэард, муовини якуми роҳбари МД “Тоҷикфилм” Толиб Раҳматуллоев, директори МФ “Бохтар” (Бактрия) Сергей Чутков, масъули ҷашнвора Искандар Усмонов  ва ҳамоҳангсози ҷашнвора …

“Лолаи тиллоӣ” нишасти матбуотӣ мегузаронад Read More »

Парвози эҷодии филми “Бункер”: аз Фаронса то Бангладеш

          Филми кӯтоҳмуддати “Бункер” дар кишвари Фаронса миёни филмҳо аз Олмон, Юнон, Лаҳистон, Португалия, Белгия, Эрон, Бритониёи Кабир, Ҳоланд (Голандия) ва Руминия давлати Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Дар барномаи 37-умин Ҷашнвори ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳи Экс-ан-Прованс (Festival International de courts métrages Aix-en-Provence) навишта шудааст, ки филми “Бункер” бо беш аз 45 филм рақобат …

Парвози эҷодии филми “Бункер”: аз Фаронса то Бангладеш Read More »

Фестивали филмҳои “Висла” бори ҳафтум аст, ки ба Душанбе меояд

          Кишвари Лаҳистон (Полша) дар минтақаи Аврпо аз ҷиҳати истеҳсоли филм дар радифи Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса қарор мегирад. Ҷашнвораи  “Висла” бори ҳафтум аст, ки филмҳои истеҳсолшудаи кишвари Лаҳистонро дар шаҳри Душанбе намоиш медиҳад.           Намоиши филмҳо аз санаи 8-уми ноябр, соати 17:00  дар салони синамоии …

Фестивали филмҳои “Висла” бори ҳафтум аст, ки ба Душанбе меояд Read More »

“Лолаи тиллоӣ”- Киноҷашнвораи навбатӣ дар Тоҷикистон

         Маркази фарҳангии “Бохтар” (Бактрия) ва Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” рӯзҳои охири моҳи ноябр Киноҷашнвораи миллии “Лолаи тиллоӣ”-ро баргузор менамоянд. Киноҷашнвораи мазкур филмҳое, ки аз соли 2018 то соли 2019 истеҳсол шудаанд, қабул менамояд. Ҳайати эҷодии филм аз қабили филмноманавис, коргардон, рассом, оҳангсоз ва наворбардор …

“Лолаи тиллоӣ”- Киноҷашнвораи навбатӣ дар Тоҷикистон Read More »