Хабарҳо

Хабарҳои Тоҷикфилм

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ МАЗҲАКАВИИ «АВТОБУС» ДАР «КОХИ НАВРӮЗ»

Дар доираи ҷашни 90-солагии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо риояи талаботи санитарӣ- эпидемилогӣ рӯзи 06.11.2020, соати 16.00 дар «Кохи Наврӯз» бо иштироки доираи васеи адибон, рӯзноманигорон, Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ва алоқамандони синамои ватанӣ нахустнамоиши филми мазҳакавии «Автобус»  бо коргардонии Абдулҳай Зокиров доир мегардад. Дар филм ҳунармандон  Насриддини Нуриддин, Абдумуъмин Шарифӣ, Заррина Хушвахтова, Мавлона Наҷмиддинова, Нисо Маҳмадҷонова, …

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ МАЗҲАКАВИИ «АВТОБУС» ДАР «КОХИ НАВРӮЗ» Read More »

НИШОНИ «АЪЛОЧИИ КИНЕМАТОГРАФИЯИ ТОҶИК»

Барои хизматҳои арзанда дар соҳаи синамои миллӣ, дастовардҳои назарраси эҷодию бадеӣ ҷиҳати таҳияи филмҳои миллии ҳунарӣ, мустанад, тасвирию таърихӣ, маҳорату малакаи баланди касбӣ, таблиғу ташвиқи осори гаронмоя ва пурғановати гузаштагон, арзишҳои умумибашарӣ, комёбиҳои илму техникаи муосир бо нишони «Аълочии кинематографияи тоҷик» сарфароз гардонида мешавад.

ФИЛМИ НАВИ «ТОҶИКФИЛМ»

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳия ва наворбардории боз як филми ҳунарии кутоҳро, аз рӯйи филмномаи  Шарофат Арабова бо номи «Насиб»   шурӯъ намуд. Филмнома дар бораи зиндагии оилаи намунавии муосири тоҷик, ки оқибат падари хонадон ғайб мезанад, қисса мекунад. Воқеаҳои филм асосан муддати ду рӯз дар шаҳр ба вуқӯъ меоянд.

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ»

19-уми октябри соли равон ҷаласаи ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар соли 2020 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда» баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, масъулони дастгоҳи идорӣ ва сардорони Сарраёсатҳо, Раёсатҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, сардорони шуъбаҳо ва директорони кинотеатрҳо  ширкат намуданд. Рӯзномаи ҷаласаро  чор мавзӯъ, …

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ» Read More »

90 солагии Тоҷикфилм

Имрӯз, 16-уми октябри соли 2020 Рӯзи кинои тоҷик ва 90-солагии «Тоҷикфилм» дар Кохи Наврӯз бо тантана таҷлил гардид. Намои зоҳирии Кохи Наврӯз қабои идона ба бар карда,  меҳмонону ширкаткунандагон бо навои фораму дилнишини  карнаю сурнай  пазироӣ шуданд.  Аз ҳавлии кох   то даромадгоҳ роҳрави сурх густурда шуда, саҳнаҳои театрӣ таҳияву намоиш дода шуданд, ки ба ҷашн …

90 солагии Тоҷикфилм Read More »

Филми ҳунарии «Сафи домодҳо» барандаи ҷоизаи «Ифтитоҳи сол» гардид.

Филми «Сафи домодҳо»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки  бо коргардонии Румӣ Шоазимов   аз рӯйи филмномаи   Темур Зулфиқоров наворбардорӣ шудааст, 12-уми октябр бо ҷоизаи махсуси раиси ҳакамони синамоҷашнвораи    «Leonid Khromov International Film Festival — 2020» — «Ифтитоҳи сол» қадрдонӣ шуд.   12-уми октябри солри равон синамоҷашнвораи якуми байналмилалии    «Leonid Khromov International Film Festival — 2020» ҷамъбаст гардид.   …

Филми ҳунарии «Сафи домодҳо» барандаи ҷоизаи «Ифтитоҳи сол» гардид. Read More »

Иқдоми «Кино ва тамошобин»

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми «Кино ва тамошобин»-ро дар тамоми қаламрави кишвар ба роҳ мондааст. Тӯли як сол сокинони ҷумҳурӣ имкон доранд, ки филмҳои беҳтарини «Тоҷикфилм»-ро дар тамоми гӯшаву канори диёр тамошо намуда, аз маҳсули офаридаи синамонигорони тоҷик ҳаловат баранд.  

НАХУСТНАМОИШИ «БАЧАИ ОБӢ»

16-уми октябри соли 2020, соати 18.00  дар арафаи Рӯзи кинои тоҷик ва ҷашни 90-солагии «Тоҷикфилм» нахустнамоиши филми ҳунарии «Бачаи обӣ» бо коргардонии Файзулло Файз дар Кохи Наврӯз баргузор мегардад.