Филми мустанади «Ваҳдат»
Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Муассисаи давлатии Тоҷикфилм филми мустанади «Ваҳдат»-ро моҳи июни соли равон рӯйи новор овард. Филми хуҷатии «Ваҳдат» аз осори номатлуби ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистони тозаистиқлол ва талошҳои Асоогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба ҳам овардани миллати парешонгашта ва эмин нигоҳдоштани кишвар аз нобудшавӣ …









