Муассисаи давлатии «Тољикфилм»
Муассисаи давлатии «Тољикфилм» њамчун сохтори алоњида дар заминаи киностудияи «Тољикфилм» ва корхонаи воњиди давлатии кино ва видеои «Тољиккино» бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29.12.2017, тањти №598 таъсис ёфтааст. Муассисаи давлатии «Тољикфилм» дорои 312 воњиди корї буда, сохтори он аз дастгоњи идоракунї, ду сарраёсат, панљ раёсат иборат мебошад. Раёсатњо дар ВМКБ, вилоятњои Суѓду Хатлон ва шуъбаи минтаќавї дар водии Рашт фаъолият мебаранд. Фаъолияти «Тољикфилм» дар асоси Конститутсия, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи кино», ќонунњои Љумњурии Тољикистон, амру фармонњои Президент ва ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, санадњои меъёрию њуќуќї ва Оиннома ба роњ монда шудааст. Њукумати Љумњурии Тољикистон муассиси «Тољикфилм» мањсуб меёбад.
«Тољикфилм» чун маќоми фарњангии Њукумати Љумњурии Тољикистон сиёсати давлатиро дар соњаи кино амалї гардонида, фаъолияти истењсолию филмофарии худро бо забони давлатї ва дар њолати зарурї тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон тарљумаи филмњоро бо забонњои русї ва англисї ба роњ мемонад.
Њадаф ва вазоифи асосии «Тољикфилм» ба таври зайл аст:- амалї гардонидани сиёсати давлатї дар соњаи кино;
- тарѓиби самти сиёсати давлат дар соњаи филмофарї, усулњои татбиќи он дар асоси такмили фаъолияти касбї ва хољагидорї;
- инкишофи фаъолияти эљодии кўдакону наврасон;
- њамоњангии њамкорї дар соњаи филмофарї ва рушди маркетингу менељменти кинои тољик;
- пањнкунї ва намоиши кино ва видео, љустуљўи роњњои нав ва дар амал татбиќ намудани онњо;
- таъмини рушди кинематография ва санъати аудиовизуалии миллї;
- тањкими заминаи њуќуќии сохторњои кинову видео;
- бањодињї ва додани хулосањо барои нашру нусхабардории минбаъда;
- иштирок дар муайян намудани сиёсати нархгузории чиптањои кино ва тартиби кори толорњои намоиши кино ва видео;
- ташкил намудани шароити зарурї оид ба њифз ва намоиши наворњои миллї;
- ташкили назорати фаъолияти толорњои видеої ва нуќтањои нусхабардорї, фурўшу ба кироя додани видеокассетањо ва аудиокассетањо, пешгирї намудан ва роњ надодан ба намоиш ва фурўши филмњои парнографї, талќинкунандаи вањшонияту зўроварї ва тарѓиботи дигар, ки ба талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва меъёрњои ахлоќии мардуми Тољикистон мухолифанд;
- тибќи ќонунњои амалкунандаи Љумњурии Тољикистон додани иљозатномањо ва гувоњномањо ба фаъолият дар соњаи намоиши оммавии кино, фурўши дискњо, нуќтањои бозињои компютерї, сабти мусиќї, видеобозињо, истењсоли мањсулоти аудиовизуалї ва видеофилмњо;
- истењсол ва намоиши филмњои бадеї, таърихї, мустанад ва тасвирї;
- хизматрасонии дизайнерї;
- тарљума ва дубляжи филмњо;
- дар асоси шартнома ба роњ мондани њамкорињои эљодї, истењсолї выа тиљоратї бо дигар ташкилоту муассисањои байналмилалию ватанї дар соњаи филмофарї.
Дар тўли фаъолияти 2,5 сола Муассисаи давлатии «Тољикфилм» чандин филмњои гуногун, аз љумла 10 филми њунарии пурра, 15 филми мустанад, 6 филми бадеии кутоњ ва 3 филми тасвирї рўйи навор оварда, манзури мардум гардонидааст. Дар асоси ёддошти тафоњум ва созишномањои њамкорї дар соњаи филмбардории муштарак равобиту њамкории судманд бо кинематографистони Љумњурињои Узбекистон, Ќирѓизистон, Ќазоќистон, Беларус, Гурљистон ва Љумњурии халќии Чин ба роњ монда шудааст. «Тољикфилм» омода аст, ки минбаъд бо њамаи шахсони воќеї ва њуќуќї тибќи шартномаву ќарордод дар бораи фитлмбардорї ва рушди соњаи синамои миллї њамкорї намояд.