ТАЪРИХИ ТОҶИКФИЛМ
11 сентябри соли 1929. Санчиш хуб гузашту акнун мардум, тибки анъанахои нави Хокимияти Шуравї, омадани аввалин ќатораи мусофиркаши Тирмиз – Душанберо, ки пойтахти тољиконро бо шабакаи роњи оњани умумииттифоќ мепайваст, интизор буданд. Дар вокзали тозабунёди Душанбе миёни њозирин, ки аксарият намояндагони њукумат буданду бояд маљлиси тантанавї доир менамуданд, се љавони аврупої, ки дар cap кулоњи базеби чармин доштанд, ба кодом як кори барои аксарияти хозирин номаълум машѓул буданд. Онњо руйи сањнаи вокзал чобукона гоњ ин суву гоњ он сў њаракат карда, сепояи калонеро дар љое муќаррар менамуданд, рўи он кодом дастгоњеро нињода, гўшаки онро тоб медоданд. Баъд њамин корро боз дар гўшаи дигар анљом медоданд. Баногоњ таваљљўхи њамаро поезди аз гардиш намудоршуда ба худ кашид, ки хуштак кашида меомад. Њаяљону хурсандї ва таваљљўњу њайрат њадду канор надошт, чунки ба ин куњандиёри дурдасте, ки њатто роњи хамво- раш хеле кам буд, бори аввал «аспи оњанин» ё, ба истилоњи дигари мардуми содалавњ «шайтон-ароба» меомад
Аз њозирини сари роњи оҳан касе ба амали њайратовари се љавон дигар эътиборе намедод. Он сегона низ ба ваљд омада гўшаки ќуттиашонро гўё беист тоб медоданду тоб медоданд. Паровоз фашшосзанон дуду буѓ бароварда дар назди майдончаи вокзал ќарор гирифт… Баъди чанд рўз мардум ба Душанбе омадани поезд ва чењрањои худу шиносонашонро дар пардаи кино дида, фањмиданд, ки ин се љавони аврупої чикора будаанд. Ҳаваскорони кино Н. Гизулин, В. Кузин, А. Шевич, ки бо аппарати фартути киногирии «Кинамо», омадани поезди аввалро ба навор мебардоштанд, минбаъд дар таърихи Тољикистон њамчун асосгузорони кинои тољик сабт шуданд. Василий Василевич Кузин дар ёддоштњояш менависад, ки 15 октябри соли 1929 рўзи кушодашавии Анљумани сеюми фавќулоддаи Шўроњои Љумњурии Мухтори Тољикистон, ки дар рафти он оид ба таъсиси Љумхурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистон дар њайати СССР декларатсия ќабул шуд, ба вакилон киножурнали нахустини «Тољикистони советї» намоиш дода шуд. Он иборат аз ду сужет буд: «Рўзи байналмилалии љавонон» ва «Омадани ќотораи нахустин ба Душанбе». «Пас аз хотимаи ќисми кории анљуман дар сањна пардаи сафед кашиданд. Миёни таќрибан 800 нафар њозирин, ки дар курсињо нишаставу дар роњравњо истода буданд, толорро хомўшї фаро гирифт. Садои ба кор даромадани дастгоњи намоиши филм баланд шуду њозирин рўи парда воќеањои ба ќарибї дар пойтахт рухдодаро диданд. Чархи филм дароз набуд, хамагй 300 метр. Вале њамон бегоњ кадрњоро дањњо бор гаштаву баргашта тамошо мекарданд ва њар дафъа бо садоњои хушхолона ва кафкўбињои пурмављ истиќбол мегирифтанд».
Тасодуфи рамзнок аст, ки кинои ҷаҳонї ва кинои точик таърихи худро аз омадани поезд шуруъ намудаанд. Поезд дар таърихи фарҳанги баъдиинқилобии тоҷикон рамзи ба кишвари қафомондаи эшон босуръат омадани тамаддуни пешқадами башарро дошт… Кино барои Тоҷикистони солхои 20-30 ба маънои том падидаи инқилобӣ буд. Қисми бештари сокинони онвақтаи Тоҷикистон, ки онро ҳамчун кӯҳистони Бухоро мешинохтанд, мардуми гирифтори ҷаҳолату хурофот буданд. Кино раҳнамое буд ба асри навин, ба асри пирузии хиради инсонӣ, ба асри тавоноӣ ва созандагӣ, ба асри технологияи нав, ба самти табаддулоти куллӣ. Вай мардуми аз ҷаҳон бехабари кӯҳистонро бо тамаддуни пешқдами башарӣ бипайваст. Ва ин сарфи назар аз он вазъе сурат мегирифт, ки Ҳокимияти Шуравӣ ҳамон солҳо бар души кино ҳарчи бештар бори тарғибу ташвиқи идеологии худашро бор карда буд ва фил- мҳо бештар аз дидгоҳи тарғибот сохтаву пешниғоди мардум мегардиданд. Аммо ин дар ҳар сурат ба бедоршавии шуури мардум, ба худшиносии эшон таъсири мусбат мерасонд. Вале сарфи назар аз ин дар он солҳои аввали таъсисёбӣ рушди кинои миллӣ дар Тоҷикистон ба душворӣ сурат мегирифт.
Тоҷикистони онвақта, ки пеш аз сарнагун шудани амири Бухоро як музофоти дурдасту қафомондаи аморати хурофотпараст буд, бо сабаби дурии роҳ, душворихои иқтисодй, набудани кадрҳои миллӣ ва шароити мусоиди филмбардорӣ, задухурдҳои муттасил бо душманони сохти нав хеле суст ривоҷ меёфт. Вале таъсири муттасили рушанфикрон, ҳизбиён, зиёиён, ки аз шаҳрҳои бузурги Русия ва дигар кишварҳои шуравӣ омада, барои бардоштани сатҳи зиндагии Тоҷикистон хизмат мекарданд, дасту дили сокинони Душанбеи тозабунёдро ба тамаддуни пешқадам гарм карда, боиси ба вуҷуд омадани киностудияи касбӣ ва мутахасисини маҳаллии соҳаи кино гардиданд.
18 майи соли 1930 трести истехсоли филми «Тоҷиккино» ё, ба истилоҳи дигар, киностудияи миллӣ таъсис ёфт. Трест ҳануз таҷҳизот ва технологияи зарурӣ надошт. Ташаббускорони он ихтироъкорӣ мекарданд, дастгоҳҳои куҳнаи суратгириро ба дастгоҳҳои кино табдил медоданд (ногуфта намонад, ки минбаъд ҳамин ихтироъкорӣ дар киностудия ба хукми анъана даромад. Ҳатто дар давраҳои авҷи дороӣ ва камолоташ дар он ихтироъкороне ёфт мешуданд, ки техника ва технологияи киноро такмил медоданд ва барои ихтирооташон унвонҳои илмию ифтихорӣ ва патентҳои кашфиёт мегирифтанд). Филмсозон гоҳ пиёда, гоҳ бо хару шутуру асп ва гоҳе, агар омад кунад, бо мошинҳои тасодуфӣ ба мавзеъҳои филмбардорӣ мерафтанд ва филмҳо сохта, таъриху сарнавишти нави мардуми моро дар навор сабт мекарданд.
Ҳамон солҳо баробари тахияи шумораи зиёди филмҳои мустанади тарғиботӣ , филмҳои бадеӣ низ эҷод мешуданд. Вале филмҳои он давра сиёҳу сафед ва беовоз буданд. Оре, он вақт технологияи филмбардорӣ хеле содаву заиф буд. Дар радифи филмҳои аввалини бадеии беовози хамондавра метавон филмҳои «Ҳуқуқи бошараф» ё «Дур аз сарҳад» (соли 1932), «Вақте ки амирон мемиранд» (соли 1932), «Худойи зинда»-ро (соли 1935) номбар кард.
Оғози таърихи кинои точик бо фаъолияти Комил Ёрматов сахт алоқаманд аст. Ёрматов нахустин кинорежиссёри миллист. «Ҳуқуқи бошараф» (соли 1932) аввалин филми таҳиякардаи Ёрматов дар «Тоҷиккино» мебошад. Филми дигари у «Муҳочир» (соли 1934) барҷастатарин филми бадеии беовози тоҷик маҳсуб мешавад. Дар он нақши асосиро, ки Комил ном дорад, худи Ёрматов ва завҷаи қаҳрамон – нақши асосии занонаро – аввалин актрисаи кинои тоҷик София Туйбоева бозӣ кардаанд, Филми мазкур ҳикоятест аз қисмати ҷавоне, ки дар зиндагӣ раҳгум зада, дар кишварҳои ҳамсоя бахт меҷуяд. Аммо саодати хешро наёфта, ба қадри ватан мерасад ва дубора ба замини аҷдодии хеш бармегардад, Сарфи назар аз хусусияти ташвиқию тарғибиаш филми мазкур бори аввал дар кинои ҳунарии тоҷик мавзуи инъикоси воқеии ҷанбаи миллӣ доштаро мавриди таҳқиқи синамоӣ қарор дод ва то қадри имкон онро баррасӣ намуд. Аз ин нигоҳ гузориши мавзуъ, офаридани нақшҳо ва аз ҳама муҳимаш, инъикоси воқеии ҳаёти мардум арзиши филмро боло бурдаанд, «Муҳоҷир» бо комёбию нокомии хеш исбот кард, ки кино метавонад хусусияти миллӣ дошта бошад ва бояд имкониятҳои истифоданашудаи филми ҳунариро дар ин самт нишон диҳад. Аз ин хотир таъсиси вокеии кинои касбии тоқикро бояд аз он давра ва аз он омил ба ҳисоб гирифт, ки маҳз кинематографистони миллӣ Комил Ёрматов (таҳиягар, филмноманавис, актер), София Туйбоева (актриса) Ғ, Баҳор (таҳиягари филмҳои мустанад ва бастакор), Р Қурбонов, Р Пирмуҳаммадов, Д, Саидов (актерон), К. Олимӣ (асосгузори дубляжи тоҷик), М. Раҳимӣ (филмноманавис) ва дигарон руйи саҳнаи кино омаданд ва бо масъулияти том рӯзгори миллаташонро дар пардаи кино муаррифӣ карданд. Зимнан ин ҳаргиз чунин маъно надорад, ки саҳми бе- баҳои кинематографистони рус ва халқҳои дигар дар таъсиси кинои точик инкор шавад. Ҳаргиз не. Ин афрод дар тавлиди кинематографияӣ миллӣ саҳми бузург гузоштаанд. Аммо табиист, ки бунёдгари фарҳанги миллӣ ғолибан намояндагони худи ҳамон миллат шуда метавонистанд.
Маҳз ҳамин масъала боис шуд, ки баъди киностудия ва Тоҷикистонро тарк кардани коргардон К. Ёрматов (соли 1940) истеҳсоли филмҳои ҳунарӣ дар Тоҷикистон то муддате қатъ гардид.
Тобистони соли 1941 ҷанг бо Германияи фашистӣ шуруъ шуд. Бештари киностудияҳои шуравиро аз Маскав ба Осиёи Марказӣ ку- чониданд. Маҳз дар ҳамон солҳо ҳамкории студияи «Союздетфилм» (ҳозира киностудияи ба номи Максим Горкий) ва «Точикфилм» оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин давра кадрҳои маҳаллӣ аз ҳамкасбони ботаҷрибаи «Союздетфилм» сабақ меомухтанд ва малакаи худро дар филмбардорӣ сайқал медоданд. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ ва таҷрибаомузиҳо филмҳои ҷолиби ҳунарии «Писари Тоҷикистон» (соли 1942) ва «Киноконсерти тоҷикӣ» (соли истеҳсолаш номаълум) ба вучуд омаданд. Дар ҳар ду филм ба ғайри ҳадафҳои ташвиқотӣ кушиши тараннуми хислатҳои ҳамидаи миллӣ мушоҳида мешавад.
Давоми матн:
Аз нимаи дуюми солҳои 50, баробари аз байн рафтани шахспарастӣ, марҳалаи дигари рушди кинои тоҷик оғоз меёбад. Кино минбаъд набояд бо таҷассуми унсурҳои зоҳирии мардум ва кишвар маҳдуд мешуд. Кинои миллӣ мебоист, вобаста ба замон, ба инъикоси падидаҳои амиқу мураккабтари зиндагиномаи тоҷикон ва кишвар иқдом менамуд. Бо дарки ҳамин масъулият дар киностудияи «Тоҷикфилм» якҷоя бо аҳли зиё нақшаҳои офаридани филмҳои овоздору рангаро мекашиданд. Дар марҳилаи солҳои 50-70 таҳиягар Борис Кимёгаров яке аз пешсафони кинематографияи тоҷик шинохта шуд. Ў дилбохтаи тоҷикон ва фарҳанги онҳо буд. Хушбахтона, дар кинои тоҷик махз ба ҳамин шахсият таърих ва саодати эҷодӣ имконияти бештаре додааст, ки ба мавзуҳои муҳими ҳуввияти мардуми тоҷик камар бандад. Дар хотираи таърихии халқ эхё кардани симои Рӯдакии бузург- филми «Қисмати шоир» (барандаи чоизаи аввал дар Кинофестивали байналмилалии Қохира, соли 1959), тавоноии маьнавии шеър ва хикмати Абулқосим Фирдавсӣ – филмҳои «Коваи Оҳангар» (соли 1961), «Достони Рустам» (соли 1970), «Рустам ва Суҳроб» (соли 1971), «Достони Сиёвуш» (соли 1976); ба экран овардани классикаи муосири тоҷик – «Дохунда» (соли 1956), «Ҳасани аробакаш» (соли 1965), «Одам пусташро иваз мекунад» (солхои 1977-1978) аз ҷумлаи комёбиҳои беназири кинои тоҷик дар офаридани филмхои бадеӣ ба шумор мераванд, Сохтани филмҳои «Тоҷикистон» (соли 1945) бо хамкории Л. Степанова (соҳиби медали биринчй ва Грамотаи Фахрии Кинофестивали байналмилалии Венетсия, соли 1946), «Дар кӯҳҳои Помир» (соли 1946), «Водии миллионерҳо» (соли 1947), «Қувваи бузург» (соли 1948), «Дар Помир» (соли 1952), «Водии Вахш» (соли 1954), «Сарзамини ҷавонӣ» (соли 1950), «Тоҷикистони Советӣ» (нахустин филми ранга, соли 1951; Мукофоти давлатии СССР соли 1952), «Иди халқи тоҷик» (соли 1955), «Одамони кишвари офтобрӯя» (соли 1957), «Ассалом, Тоҷикистон» (соли 1960), «Чаҳор суруд дар васфи Тоҷикистон» (соли 1964), «Садриддин Айнӣ» (соли 1949), «Сарояндаи Ватан» (соли 1968), «Садриддин Айнӣ» (соли 1978), ки воқеан кинои тоҷикро соҳиби аввалин ҷоизаҳои байналмилалӣ гардонда буданд (хусусан филмҳо дар бораи нависандаи бузург Садриддин Айнӣ, ки ба шарофати онҳо симои Ӯ барои наслҳои оянда зинда мондааст) ба соҳаи дигари фаъолияти кинои тоҷик ба офаридани филмҳои мустанад бунёд гузошт ва он тадриҷан инкишоф ёфт. Бо ин ҳама Кимёгаров асолати ахлоқи ҳамидаи тоҷикон – меросбарони бойтарин фарҳанги маьнавии мардуми эронинажодро баланд бардошт ва моро ба фарогирии навоварона, оммавӣ ва умумихалқии арзишҳо ва сар- чашмаҳои маьнавии гузаштаамон раҳнамун сохт. Борис Кимёгаров нахустин коргардоне буд, ки бо чунин қадрдонӣ ва эҳтиром ба мероси бойи халҳҳои эронӣ руй овард ва аввалин шуда ин меросро дар марҳилаи нави таьрихӣ ба шакли ҳунари нав – кино дубора ба арзишҳои тамаддуни ҷаҳонӣ табдил дод.
Дар паҳлуи Кимёгаров таҳиягарони шинохта ба мисли Давлат Худоназаров, Валерий Аҳадов, Тоҳир Собиров, Марат Орифов, Анвар Тураев, Марворид Қосимова, Абдусалом Раҳимов, Суҳбат Ҳомидов, Муқаддас Маҳмудов, Майрам Юсуфова, Елизавета Кимёгарова ва чанде дигарон фаьолият намуда, филмҳои хотирмон таҳия кардаанд, Хусусан филмхои Тоҳир Собиров ба мисли – «Писар бояд зан гирад» (соли 1959), «Марги судхур» (соли 1966), силсилаи « Афсонахои Шаҳрзод» (солҳои 1966,1984,1987), «Зане аз роҳи дур» (соли 1978), «Вохурӣ дар дараи «марг» (соли 1980); Абдусалом Раҳимов – «Зумрад» (соли 1962), «Ситора дар тирашаб» (соли 1972); Анвар Тураев – «Духтари сеюм» (соли 1970), «Ишқи нахустини Насриддин» (соли 1977), «Дарди ишқ» (соли 1989); Марворид Қосимова – «Тобистони соли 43» (соли 1968), «Ҷура Саркор» (соли 1970), «Имрӯз ва ҳама рӯз» (соли 1979); Суҳбат Ҳомидов – «Ривояти зиндони Павиак» (соли 1970); Марат Орифов – «Муҳосира» (соли 1977), «Қалби ман дар кӯҳсор» (соли 1966); Муқаддас Маҳмудов – «Қиссахои кутоҳ дар бораи бачаҳое ки…» (соли 1962), «Рояли сафед» (соли 1969); Давлат Худоназаров – «Субҳи нахустини ҷавонӣ» (соли 1979), «Марди роҳ» (соли 1982); Валерий Аҳадов – «Дарвеши ланг» (соли 1986), «Асрори оила» (соли 1983); Елизавета Кимёгарова – «Қиссаҳои Муки кучак» (соли 1983) ба саҳифаҳои таърихи кинои тоҷик хамчун филмҳои беҳтарини давраи Шуравӣ ворид шудаанд. Дар ин радиф гуфтан лозим аст, ки Владимр Мотиле, ки дар ҷаҳон бо филми «Офтоби дурахшони биёбон» машҳур аст, фаъолияти касбии худро дар «Тоҷикфилм» шуруъ кардааст. Филме, ки Ӯ бо унвони «Бачаҳои Помир» (соли 1963) сохта аст, бо худ давраи нави офаридгориро дар ифодаи «забони филм» ва дар маҷмуъ эстетикаи кинои тоҷик оғоз намуд.
Охири солҳои 80 ва аввали 90-уми асри бист дар кинои тоҷик таҳавулоти миқдориву сифатӣ ба вуҷуд омад. Ҳам дар филҳми мустанад ва ҳам дар филмҳои ҳунарӣ ҷустуҷуйи сабку усул ва мавзуҳои ҷолибу воқеӣ мушоҳида мешавад, дар ҳоле, ки кулли кинои ондавраи шуравиро руҳияи ташвиқот пахш карда буд. Ин руҳияи нави воқеъбинию ҳақиқатнигориро насли нави коргардонҳ – Майрам Юсуфова, Пулод Аҳмадов, Сафар Ҳақдодов, Гулбаҳор Мирзоева, Толиб Ҳомидов, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Бахтиёр Худойназаров, Ҷамшед Усмонов, Сафарбеки Солеҳ ва амсоли инҳо дар филмҳояшон тадбиқ карданд. Аз филмҳои баландпояи он давр метавон филмҳои «Айёми алафҳои зард» (соли 1991), «Мусофир» (соли 1989), «Братан» (ё «Бародар», соли 1991), «Ситораҳои сари танур» (соли 1991), филмхои кӯтоҳметраи ҳунарии «Панҷара» (соли 1989), «Чоҳ» (соли 1991), «Хоби бедорӣ» (соли 1990)-ро ном гирифт, ки дар онҳо назари амиқ, ба зиндагӣ ва олами ботинии қахрамонҳо дида мешавад. Яке аз ху- сусиятҳои умдаи ин филмҳо дар истифода ва кашфи забони муосири кинематографӣ ва эстетикаи нав таҷассум ёфтааст.
Баъди пош хурдани Ҳокимияти Шуравӣ ва истиқдолияти комил ба даст овардани Тоҷикистон (соли 1991) кинематографияи миллӣ ба буҳрони сахти иқтисодӣ ва маънавӣ дучор шуд. Бар замми ин, кишвари тоҷикон ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд. Қисми зиёди кормандони кино маҷбур шуданд, ки барои тадбики лоиҳаҳои эҷодии хеш ватанро тарк карда, дар кишвархои хориҷй сармоя ва сарпараст биҷуянд.
Аз ҳамин сабаб, яке аз хусусиятҳои асосии давраи аввали истиқдолият дар кинематографияи тоҷик ин аст, ки кинои миллй дар ду роҳ мавҷудияташро нигоҳ дошт: яке дар дохил ва дигар дар хоричи кишвар. Филмҳои баландмақоми кинематографистони тоҷик дар хориҷи кишвар «Қош ба қош» (соли 1993) ва «Падари махтобӣ»-и Бахтиёр Худойназаров (соли 1999), «Парвози занбур» (соли 1998, дар ҳамкорӣ бо Мин Бионг Хан) ва «Фариштаи китфи рост»-и Ҷамшед Усмонов (соли 2002) маҳсуб мешаванд. Дар дохили кишвар бо сабаби буҳрони молиявию технологӣ бештар филмҳои рақамиву видеоӣ ба навор гирифта шуд. Ташаббускори ин бахши нави кинемонография шабакаҳои телевизионии кишвар гардиданд. Аз ҳамин боис филмҳои бисёрсериягии телевизионӣ шуҳрати бештар пайдо намуданд. Филмҳои рақамие, ки дар чорчубаи эстетикаи кинои ҳунарй таҳия шуданд, низ ба вуҷуд омаданд. Дар байни шумораи зиёди ин қабил филмҳо, ки бештар эстетикаи Болливудро пайгирӣ кардаанд, филмҳое ба мисли «Ва ман равам ба суйи сарнавишт» (коргардон М.Орифов, аввалин филми касбии видеоии тоҷик, соли 1998), «Муҷассамаи ишк» (У. Мирзоширинов, соли 2003), «Овора» (Г. Муҳаббатова, Д. Раҳматов, соли 2006), «Тақвими интизорӣ» (С. Солех, соли 2005), филмҳои кӯтохметраи «Хушбахтӣ» (соли 2006), «Синамои муҳаррик» (соли 2007)-ро метавон ёдовар шуд, ки ба тарзи нави истех- солӣ (кинематографияӣ продюсерӣ) ва эстетикаи ғолиби он замон баррасӣ шуданд. Маҳз дар ҳамин давра дар кинематографии миллӣ студияҳои ғайридавлатию шахсии мухталиф аз қабили «Синамо», «Киносервис» ва студияҳои телевизионй ба вучуд омаданд. Маҳз дар ҳамин фазо аввалин ва охирин бор дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон филми ҳирфаии «Қиёми рӯз» (соли 2009), аз чониби Носир Саидов дар навори 35 мм ба навор гирифта шуд . Филм он замон соҳиби 9 чоизаи кинофестивалҳои байналмилалӣ гаштааст.
Кинематографистони тоҷик дар давраи ҳозира бо хамкасбони хоричии худ хеле фаъолона хамкорй намуда, филмхои муштарак эҷод менамоянд.
Дар пойтахти Точикистон хар ду сол кинофестивали байналмилалии «Дидор» баргузор мегардад. Кинематографистони тоҷик дар кинофестивалҳои байналмилалии кишвархои мухталиф иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо мегарданд.
Кинои тоҷик ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро дар назди мардуми хеш ба андозае иҷро кардааст. Кинои тоҷик ҳамчун оинаи миллат аз ғаму шодии мардум бохабар буд ва миллатро ба худи Ӯ ва ба ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Ҳамин ҳадафҳо имрӯз ҳам пеши назари ояндабини кино қарор доранд.
Давоми матн:
Тобистони соли 1941 ҷанг бо Германияи фашистӣ шуруъ шуд. Бештари киностудияҳои шуравиро аз Маскав ба Осиёи Марказӣ ку- чониданд. Маҳз дар ҳамон солҳо ҳамкории студияи «Союздетфилм» (ҳозира киностудияи ба номи Максим Горкий) ва «Точикфилм» оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин давра кадрҳои маҳаллӣ аз ҳамкасбони ботаҷрибаи «Союздетфилм» сабақ меомухтанд ва малакаи худро дар филмбардорӣ сайқал медоданд. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ ва таҷрибаомузиҳо филмҳои ҷолиби ҳунарии «Писари Тоҷикистон» (соли 1942) ва «Киноконсерти тоҷикӣ» (соли истеҳсолаш номаълум) ба вучуд омаданд. Дар ҳар ду филм ба ғайри ҳадафҳои ташвиқотӣ кушиши тараннуми хислатҳои ҳамидаи миллӣ мушоҳида мешавад.
Аз нимаи дуюми солҳои 50, баробари аз байн рафтани шахспарастӣ, марҳалаи дигари рушди кинои тоҷик оғоз меёбад. Кино минбаъд набояд бо таҷассуми унсурҳои зоҳирии мардум ва кишвар маҳдуд мешуд. Кинои миллӣ мебоист, вобаста ба замон, ба инъикоси падидаҳои амиқу мураккабтари зиндагиномаи тоҷикон ва кишвар иқдом менамуд. Бо дарки ҳамин масъулият дар киностудияи «Тоҷикфилм» якҷоя бо аҳли зиё нақшаҳои офаридани филмҳои овоздору рангаро мекашиданд. Дар марҳилаи солҳои 50-70 таҳиягар Борис Кимёгаров яке аз пешсафони кинематографияи тоҷик шинохта шуд. Ў дилбохтаи тоҷикон ва фарҳанги онҳо буд. Хушбахтона, дар кинои тоҷик махз ба ҳамин шахсият таърих ва саодати эҷодӣ имконияти бештаре додааст, ки ба мавзуҳои муҳими ҳуввияти мардуми тоҷик камар бандад. Дар хотираи таърихии халқ эхё кардани симои Рӯдакии бузург- филми «Қисмати шоир» (барандаи чоизаи аввал дар Кинофестивали байналмилалии Қохира, соли 1959), тавоноии маьнавии шеър ва хикмати Абулқосим Фирдавсӣ – филмҳои «Коваи Оҳангар» (соли 1961), «Достони Рустам» (соли 1970), «Рустам ва Суҳроб» (соли 1971), «Достони Сиёвуш» (соли 1976); ба экран овардани классикаи муосири тоҷик – «Дохунда» (соли 1956), «Ҳасани аробакаш» (соли 1965), «Одам пусташро иваз мекунад» (солхои 1977-1978) аз ҷумлаи комёбиҳои беназири кинои тоҷик дар офаридани филмхои бадеӣ ба шумор мераванд, Сохтани филмҳои «Тоҷикистон» (соли 1945) бо хамкории Л. Степанова (соҳиби медали биринчй ва Грамотаи Фахрии Кинофестивали байналмилалии Венетсия, соли 1946), «Дар кӯҳҳои Помир» (соли 1946), «Водии миллионерҳо» (соли 1947), «Қувваи бузург» (соли 1948), «Дар Помир» (соли 1952), «Водии Вахш» (соли 1954), «Сарзамини ҷавонӣ» (соли 1950), «Тоҷикистони Советӣ» (нахустин филми ранга, соли 1951; Мукофоти давлатии СССР соли 1952), «Иди халқи тоҷик» (соли 1955), «Одамони кишвари офтобрӯя» (соли 1957), «Ассалом, Тоҷикистон» (соли 1960), «Чаҳор суруд дар васфи Тоҷикистон» (соли 1964), «Садриддин Айнӣ» (соли 1949), «Сарояндаи Ватан» (соли 1968), «Садриддин Айнӣ» (соли 1978), ки воқеан кинои тоҷикро соҳиби аввалин ҷоизаҳои байналмилалӣ гардонда буданд (хусусан филмҳо дар бораи нависандаи бузург Садриддин Айнӣ, ки ба шарофати онҳо симои Ӯ барои наслҳои оянда зинда мондааст) ба соҳаи дигари фаъолияти кинои тоҷик ба офаридани филмҳои мустанад бунёд гузошт ва он тадриҷан инкишоф ёфт. Бо ин ҳама Кимёгаров асолати ахлоқи ҳамидаи тоҷикон – меросбарони бойтарин фарҳанги маьнавии мардуми эронинажодро баланд бардошт ва моро ба фарогирии навоварона, оммавӣ ва умумихалқии арзишҳо ва сар- чашмаҳои маьнавии гузаштаамон раҳнамун сохт. Борис Кимёгаров нахустин коргардоне буд, ки бо чунин қадрдонӣ ва эҳтиром ба мероси бойи халҳҳои эронӣ руй овард ва аввалин шуда ин меросро дар марҳилаи нави таьрихӣ ба шакли ҳунари нав – кино дубора ба арзишҳои тамаддуни ҷаҳонӣ табдил дод.Дар паҳлуи Кимёгаров таҳиягарони шинохта ба мисли Давлат Худоназаров, Валерий Аҳадов, Тоҳир Собиров, Марат Орифов, Анвар Тураев, Марворид Қосимова, Абдусалом Раҳимов, Суҳбат Ҳомидов, Муқаддас Маҳмудов, Майрам Юсуфова, Елизавета Кимёгарова ва чанде дигарон фаьолият намуда, филмҳои хотирмон таҳия кардаанд, Хусусан филмхои Тоҳир Собиров ба мисли – «Писар бояд зан гирад» (соли 1959), «Марги судхур» (соли 1966), силсилаи « Афсонахои Шаҳрзод» (солҳои 1966,1984,1987), «Зане аз роҳи дур» (соли 1978), «Вохурӣ дар дараи «марг» (соли 1980); Абдусалом Раҳимов – «Зумрад» (соли 1962), «Ситора дар тирашаб» (соли 1972); Анвар Тураев – «Духтари сеюм» (соли 1970), «Ишқи нахустини Насриддин» (соли 1977), «Дарди ишқ» (соли 1989); Марворид Қосимова – «Тобистони соли 43» (соли 1968), «Ҷура Саркор» (соли 1970), «Имрӯз ва ҳама рӯз» (соли 1979); Суҳбат Ҳомидов – «Ривояти зиндони Павиак» (соли 1970); Марат Орифов – «Муҳосира» (соли 1977), «Қалби ман дар кӯҳсор» (соли 1966); Муқаддас Маҳмудов – «Қиссахои кутоҳ дар бораи бачаҳое ки…» (соли 1962), «Рояли сафед» (соли 1969); Давлат Худоназаров – «Субҳи нахустини ҷавонӣ» (соли 1979), «Марди роҳ» (соли 1982); Валерий Аҳадов – «Дарвеши ланг» (соли 1986), «Асрори оила» (соли 1983); Елизавета Кимёгарова – «Қиссаҳои Муки кучак» (соли 1983) ба саҳифаҳои таърихи кинои тоҷик хамчун филмҳои беҳтарини давраи Шуравӣ ворид шудаанд. Дар ин радиф гуфтан лозим аст, ки Владимр Мотиле, ки дар ҷаҳон бо филми «Офтоби дурахшони биёбон» машҳур аст, фаъолияти касбии худро дар «Тоҷикфилм» шуруъ кардааст. Филме, ки Ӯ бо унвони «Бачаҳои Помир» (соли 1963) сохта аст, бо худ давраи нави офаридгориро дар ифодаи «забони филм» ва дар маҷмуъ эстетикаи кинои тоҷик оғоз намуд.
Охири солҳои 80 ва аввали 90-уми асри бист дар кинои тоҷик таҳавулоти миқдориву сифатӣ ба вуҷуд омад. Ҳам дар филҳми мустанад ва ҳам дар филмҳои ҳунарӣ ҷустуҷуйи сабку усул ва мавзуҳои ҷолибу воқеӣ мушоҳида мешавад, дар ҳоле, ки кулли кинои ондавраи шуравиро руҳияи ташвиқот пахш карда буд. Ин руҳияи нави воқеъбинию ҳақиқатнигориро насли нави коргардонҳ – Майрам Юсуфова, Пулод Аҳмадов, Сафар Ҳақдодов, Гулбаҳор Мирзоева, Толиб Ҳомидов, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Бахтиёр Худойназаров, Ҷамшед Усмонов, Сафарбеки Солеҳ ва амсоли инҳо дар филмҳояшон тадбиқ карданд. Аз филмҳои баландпояи он давр метавон филмҳои «Айёми алафҳои зард» (соли 1991), «Мусофир» (соли 1989), «Братан» (ё «Бародар», соли 1991), «Ситораҳои сари танур» (соли 1991), филмхои кӯтоҳметраи ҳунарии «Панҷара» (соли 1989), «Чоҳ» (соли 1991), «Хоби бедорӣ» (соли 1990)-ро ном гирифт, ки дар онҳо назари амиқ, ба зиндагӣ ва олами ботинии қахрамонҳо дида мешавад. Яке аз ху- сусиятҳои умдаи ин филмҳо дар истифода ва кашфи забони муосири кинематографӣ ва эстетикаи нав таҷассум ёфтааст.
Баъди пош хурдани Ҳокимияти Шуравӣ ва истиқдолияти комил ба даст овардани Тоҷикистон (соли 1991) кинематографияи миллӣ ба буҳрони сахти иқтисодӣ ва маънавӣ дучор шуд. Бар замми ин, кишвари тоҷикон ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд. Қисми зиёди кормандони кино маҷбур шуданд, ки барои тадбики лоиҳаҳои эҷодии хеш ватанро тарк карда, дар кишвархои хориҷй сармоя ва сарпараст биҷуянд.
Аз ҳамин сабаб, яке аз хусусиятҳои асосии давраи аввали истиқдолият дар кинематографияи тоҷик ин аст, ки кинои миллй дар ду роҳ мавҷудияташро нигоҳ дошт: яке дар дохил ва дигар дар хоричи кишвар. Филмҳои баландмақоми кинематографистони тоҷик дар хориҷи кишвар «Қош ба қош» (соли 1993) ва «Падари махтобӣ»-и Бахтиёр Худойназаров (соли 1999), «Парвози занбур» (соли 1998, дар ҳамкорӣ бо Мин Бионг Хан) ва «Фариштаи китфи рост»-и Ҷамшед Усмонов (соли 2002) маҳсуб мешаванд. Дар дохили кишвар бо сабаби буҳрони молиявию технологӣ бештар филмҳои рақамиву видеоӣ ба навор гирифта шуд.
Ташаббускори ин бахши нави кинемонография шабакаҳои телевизионии кишвар гардиданд. Аз ҳамин боис филмҳои бисёрсериягии телевизионӣ шуҳрати бештар пайдо намуданд. Филмҳои рақамие, ки дар чорчубаи эстетикаи кинои ҳунарй таҳия шуданд, низ ба вуҷуд омаданд. Дар байни шумораи зиёди ин қабил филмҳо, ки бештар эстетикаи Болливудро пайгирӣ кардаанд, филмҳое ба мисли «Ва ман равам ба суйи сарнавишт» (коргардон М.Орифов, аввалин филми касбии видеоии тоҷик, соли 1998), «Муҷассамаи ишк» (У. Мирзоширинов, соли 2003), «Овора» (Г. Муҳаббатова, Д. Раҳматов, соли 2006), «Тақвими интизорӣ» (С. Солех, соли 2005), филмҳои кӯтохметраи «Хушбахтӣ» (соли 2006), «Синамои муҳаррик» (соли 2007)-ро метавон ёдовар шуд, ки ба тарзи нави истех- солӣ (кинематографияӣ продюсерӣ) ва эстетикаи ғолиби он замон баррасӣ шуданд. Маҳз дар ҳамин давра дар кинематографии миллӣ студияҳои ғайридавлатию шахсии мухталиф аз қабили «Синамо», «Киносервис» ва студияҳои телевизионй ба вучуд омаданд. Маҳз дар ҳамин фазо аввалин ва охирин бор дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон филми ҳирфаии «Қиёми рӯз» (соли 2009), аз чониби Носир Саидов дар навори 35 мм ба навор гирифта шуд . Филм он замон соҳиби 9 чоизаи кинофестивалҳои байналмилалӣ гаштааст.
Кинематографистони тоҷик дар давраи ҳозира бо хамкасбони хоричии худ хеле фаъолона хамкорй намуда, филмхои муштарак эҷод менамоянд.
Дар пойтахти Точикистон хар ду сол кинофестивали байналмилалии «Дидор» баргузор мегардад. Кинематографистони тоҷик дар кинофестивалҳои байналмилалии кишвархои мухталиф иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо мегарданд.
Кинои тоҷик ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро дар назди мардуми хеш ба андозае иҷро кардааст. Кинои тоҷик ҳамчун оинаи миллат аз ғаму шодии мардум бохабар буд ва миллатро ба худи Ӯ ва ба ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Ҳамин ҳадафҳо имрӯз ҳам пеши назари ояндабини кино қарор доранд.